Шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва баргузории маҷлиси сайёри судӣ дар МТМУ №5 дар шаҳри Ҳисор

Шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва баргузории маҷлиси сайёри судӣ дар МТМУ №5 дар шаҳри Ҳисор

Бояд зикр кард, ки баргузории маҷлиси сайёри судӣ ин яке аз усулҳои маъмули баррасии парвандаҳо бо мақсади иҷрои бандҳои дастуру супориши роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бевосита маншаъ мегирад аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва инчунин, меъёри моддаи 22 қисми 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», ки мувофиқи он
гузарондани ташвиқот дар байни аҳолӣ ҷиҳати амалӣ шудани уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак мебошад.
Аз ин рӯ, судяи суди шаҳри Ҳисор Нодирӣ М.Ф., бо иштироки ёрдамчии прокурори шаҳри Ҳисор Субҳонзода Ш., чораҳои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти таълиму тарбияи кудак ташвиқот дар байни аҳолӣ, яъне дар МТМУ №5 дар шаҳри Ҳисор ҷиҳати амалӣ шудани уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва наздик кардани адолати судӣ ба мардум амалӣ карда мешавад.
Бояд қайд кард, ки ҷанбаҳои асосии маҷлиси сайёри судӣ, ки дар муассисаи таълимии мазкур баргузор гардид, ин бевосита шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмури бо моддаи 90 ҚҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мақсади баррасии парвандаҳои маъмурӣ бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он дорои аҳамияти иҷтимоӣ мебошанд (масалан, риоя накардани қонунҳо дар бораи масъулият дар тарбияи кудак бо иштироки волидайн, омӯзгорон ва ҷомеаи маҳаллӣ баргузор гарид.
Нисбати ҳуқуқвайронкунандагон дар ҷойи ҳодиса қарорҳои судӣ (ҷарима ё дигар ҷазоҳои маъмурӣ) қабул карда шуд.