Президент шоҳсутуни кишвар

Ҳар миллат шохсутуне дорад, ки бори бурду бохти мардумро бар душ мегирад. Барои миллати точик, он шоҳсутун, Президенти кишвар аст. Олитарин роҳнамо на бузургтарин меъморе, давлати навини тоҷиконро бунёд гузошт. Ӯ шахсе аст, ки на танҳо роҳбар, балки рамзи иттиҳоду оромист. Я касест, ки бо хирад роҳ нишон дод, бо меҳр дили мардумро ба ҳам пайваст ва бо ҷасорат роҳи давлатсозиро ҳамвор кард. Имрӯз вақте аз истиқлоли ватан, аз суботи ҷомеа ва аз ояндаи рӯшан сухан мегӯем, дар маркази ин ҳама Роҳбари давлат, Пешвои миллат пеши назар меояд. Роҳбаре, ки ҳар иқдомаш бо андеша ва масъулият пайванди дораду дар ҳар қадамаш шуҷоату ҷасорат ҳис мешавад. Роҳбаре, ки бо амал мехоҳанд барои фарзандони худ, яъне насли миллат намуна бошанд. Президенти мо ҳар суханеро, ки дар давоми фаъолияти хеш ба забон оварданд, ҳатман барои амалӣ шуданаш талош варзиданд. «Ман ба шумо сулҳ меорам! Ин чумла дар давроне гуфта шуд, ки мардум ба фардои худ умед надоштанд. Касони соҳибтаҷрибаву кордон аз ба душ гирифтани масъулият метарсиданд. Нафарони дар деги сиёсат чушида кам набуданд, аммо қудрати ба майдон баромадану пушти миллат истоданро надоштанд. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон, ҷавони чилсолае, ки бо вучуди ҷавон будан шамъи умедро дар ниҳоди мардуми ғамзада шӯълавар сохтанд, ҷуръат намуда зимоми давлатдориро бар душ грифтанд. Барои ҷони худ не, бахри дифои чони мардум мубориза бурданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хираду заковати баланд киштии давлатро аз мавҷҳои пурталотуми таърих ба соҳили амният овард ва бо меҳру ваҳдат дили мардумро бо ҳам пайваст. Ба ҳар инсон, аз кӯдак то пир оромӣ ва умед бахшид. Хеле ҷавон ба сари қудрат омад, аммо чун пирони барно аз ояндаи дурахшону пуршукуҳ мужда расонданд. Бовармандона таъкид карданд, ки оромӣ аз иттиҳод манша мегирад ва бо ҳамин суханҳои созанда миллатро гирди ҳам муттаҳид сохтанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон, натанҳо ғами миллати худро мехуранду дар ободии кишвари хеш талош меварзад, балки дарди ҷомеаро дарди худ медонанд. Дар саҳнаи ҷаҳонӣ, имруз номи Тоҷикистон бо иқдомҳои башардӯстона ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат мавқеъ пайдо кардааст. Агар дар дохили кишвар сиёсати давлат ба суи сулҳу амният ва зиндагии шоиста равона бошад, дар миқиёси чаҳони Тоҷикистон бо ташабусҳои созанда ва умдааш барои ҳифзи табиат, об ва зиндагии инсонҳо шуҳрат ёфта. Бори нахуст, соли 2003 бо пешниҳоди Роҳбари муаззами мо Эмомалӣ Раҳмон, соли байналмиллалии «оби тоза» аз ҷониби СММ эълон гардид. Ин иқдом танҳо як ташабуси расми набуд, он ба оғози як ҳаракати чаҳонӣ барои ҳифз ва истифодаи оқилонаи об табдил ёфт. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҳарчи бештар ба тарбияи ватандустии шаҳрвандон, ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ диққат дода, сидқан ба омӯзиши илмҳои муосир, забономӯзӣ, ашъори бузургон, омодасозии мутахассисон, пос доштани оинҳои миллӣ, забони давлатӣ, суннатҳои миллӣ, муқаддасоти миллӣ ва расидан ба қадри дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ бирасем. Ҷиҳатӣ устувору ҷовидона нигоҳдории Истиқлоли давлатӣ, тараққиёт ва рушди босуръати тамоми соҳаҳои давлатдорӣ аз натиҷаҳои мактаби роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ карда, нагузорем касе ба рушди сарзамини аҷдодии мо халал ворид намоянд.
Судяи суди шаҳри Ҳисор, Иброҳимзода Парвина.
Суди шаҳри Ҳисор 



