Шанбегии дастаҷамъона!

Шанбегии дастаҷамъона бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

Бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи дастури роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», санаи 18 апрели соли 2026 дар суди шаҳри Ҳисор шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар доираи ин иқдоми созанда судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд бо руҳияи баланди масъулиятшиносӣ фаъолона иштирок намуда, корҳои ободонӣ ва тозагиро дар ҳудуди суди шаҳри Ҳисор анҷом доданд. Дар раванди шанбегӣ алафҳои худрӯй решакан гардида, партовҳо ҷамъоварӣ ва муҳити идора ба тартиб дароварда шуд.
Бояд зикр намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои беҳтар намудани вазъи экологӣ, ташаккули фарҳанги шаҳрдорӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ миёни ҷавонон нақши муҳим мегузорад.
Роҳбарияти суди шаҳри Ҳисор муҳтарам Маҷидзода Абдуқодир иштироки фаъоли ҳайати судяҳо ва кормандонро дар ин иқдом намунаи ибрат арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ташаббусҳои ободониву созандагӣ дар оянда низ пайваста идома хоҳанд ёфт.