Наврӯз-ҷашни ҷовидон
Наврӯз-ҷашни ҷовидон!
Эътирофи ҷашни аҷдодӣ — Наврӯзи хуҷаста, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ шаҳодати бебаҳси қадршиносии таъриху тамаддуни пурғановат, фарҳанг, расму оин ва суннатҳои ибратомӯзи гузаштагон буда, таҷлили фаромарзии он, дар самти таҳкими эътибору нуфузи ворисони соҳибдавлат ва қадами устувору самарабахш дар раванди гуфтугӯи тамаддунҳо нақши муҳим дорад.
Аз соли 2010 Наврӯзи хуҷастапай бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пуштибонии як қатор кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ ҷашни байналмиллалӣ эътироф гардид, ки имрӯз дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯзи хуҷастаро метавон ҳамчун яке аз дастоварҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон маънидод кард.
Наврӯз ҳамчун рамзи устувори тамаддунҳо ҳамеша муҳофизатгари миллат, забон, расму оин ва фарҳангу таърих мебошад. Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат Наврӯзи оламафруз дар тобиши тоза эҳё ва ҳамчун арзиши гаронмояи башарият соҳибмақом гардид.
Қобили зикр аст, ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нишони Наврӯз таҳия ва тасдиқ карда шуд, ки он дар айёми тантанаҳои Наврӯзӣ метавонад чун рамзи ин ҷашни пурифтихор аз ороишоти асосии Наврӯзгоҳҳо ва нишони сарисинагии ҳар як фард бошад. Дар нишони Наврӯз, ки ба шакли кӯраи замин аст, қутбҳои шимолу ҷануб, нурафшонии офтоб, оғози бедоршавии табиат, айёми киштукори донаҳои умед, фасли баҳору шукуфоӣ ва ҳамчунин тоҷи заррини Нишону Парчами Тоҷикистон таҷҷасум ёфтааст.
Воқеан, Наврӯзи байналмилалиро дар тӯли асрҳои зиёд миллатҳои гуногун бо самимият ва меҳру муҳаббати хоса ҷашн мегиранд, ки ин аз арзиши умумибашарӣ ва асолати тамаддунсози он башорат медиҳад. Ин ҷашн ҳамчун як омили таҳкими ҳувияти миллӣ ва пайвандгари халқу қавмҳои гуногуни ҷаҳон ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки мардуми шарафманди кишвар бо риояи суннатҳои инсонсози Наврӯз ва бо такя ба хиради азалӣ, асолати созандагӣ ва ҳуввияти бунёдкорона баҳри шукуфоии ватани азизамон сӯи ояндаи нек қадамҳои устувор мегузорад.
Суди шаҳри Ҳисор 



