КОНСТИТУТСИЯ – БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

КОНСТИТУТСИЯ – БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
Конститутсия ҳамчун шиноснома миллату давлатро дар арсаи дохилӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ мекунад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз мо 31 — солагии қабули онро ҷашн гирифта истодаем, қонунест, ки нисбати ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бартари дошта, дар он тамоми самтҳои дохилию хориҷии ватани азизамон дарҷ шудааст.
Конститутсия ҳамчун санади қонунии эътибори хоси ҳуқуқидошта, ё худ ҳуҷҷати асосии хуқуқии давлат зербино ё худ бунёди низоми конунгузориро, ки ба инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ равона гардидааст, пояи мустаҳкам бахшида, раванди рушди устувори бемайлон афзояндаро дар ҷумҳурии мо такони тоза бахшид ва расидан ба раванди сифатан нави рушд ва зинаи болотари тарақкиётро имконпазир намуд.
​Конститутсия истиқололияти давлатиро ба расмият дароварда, роҳи минбаъдаи инкишофи ҷомеаи навинро муайян кард. Дар ҷомеае, ки мо зиндагӣ дорем, хеле зуд тағйирёбанда мебошад, муносибатҳои нав ба вуҷуд меоянд ва барои пурра танзим намудани онҳо моро зарур меояд қонунгузории миллиамонро низ такмил диҳем.
Бо мақсади комилан ба талаботи ҷаҳонӣ мувофиқ намудани меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ ва қавитар намудани ваҳдати миллӣ лозим омад дар баъзе қисматҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намоем. Ин тағйироту иловаҳо аз 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ворид карда шудаанд, ки минбаъда ҷиҳати гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқӣ дар ҳаёти ҷомеа замина гузоштанд. Ислоҳоти ҳуқуқӣ аслан се шохаро фаро гирифт: таъминоти ҳуқуқии ислоҳоти сиёсӣ; таъминоти ҳуқуқии ислоҳоти иқтисодӣ; ислоҳоти ҳуқуқии низоми судӣ. Ислоҳоти ҳуқуқӣ дар ҳаёти сиёсӣ асосан барои аз нав ташкил намудани мақомоти асосии ҳокимияти давлатӣ равона гардида аст. Аз ҷумла, бо мақсади ба реҷаи касбӣ ва доимоамалкунанда табдил додани мақоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон — Маҷлиси Олӣ ба ду маҷлис: Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҷудо карда шуд. Ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ иҷозат дода шуд, ки онҳо минбаъд ба рушд ёфтани гуногунандешии сиёсӣ, озодии виҷдон ва озодии сухан шароит ба вуҷуд оваранд.
Аҳамияти таърихии Конститутсия дар он аст, ки ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ арзишҳои олии халқи тоҷикро дар худ таҷассум намуда, суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондустонаи миллати фарҳангсолори моро инъикос кардааст ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқиро яке аз мақсадҳои асосии фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор додааст.
Конститутсия барои таъсис ва рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, сохтору мақомоти давлатӣ ва дар меҳвари фаъолияти онҳо қарор додани инсон ва ҳуқуку озодиҳои ӯ, манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон, инчунин, бунёди ҷомеаи адолатпарвар асос гузошта, кафолати таъмини озодӣ, адолати иҷтомоӣ ва баробарҳуқуқии ҷомеаи навини Тоҷикистон гардид.
Ҳамин тариқ, 31 соли амали Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон собит аз он мебошад, ки ин санади тақдирсози миллат, бунёдгузори давлати мо на танҳо ба мардуми Тоҷикистон, балки барои ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аввилиндараҷа буда, ин нуқта зарурат ба шарҳ надорад ва итминон дорам, ки барои рушду инкишофи ин сарзамин ва миллати куҳанбунёд боз садсолаҳо хизмат хоҳад кард.
Конститутсия асоси ифодакунандаи арзишҳои ҳуқуқӣ гардида, симои муосир ва таърихии Тоҷикистонро дар худ таҷҷасум намуд. Дар ин замина, он аввалин шуда кишвари моро ба қатори кишварҳои пешрафта ворид сохт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон чунин таъкид намудаанд: «Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқу кишвар мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди хуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустакил мусоидат намуд».
Мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳамеша соҳиби маданияти волои қонунписандӣ ва дараҷаи баланди донишҳои ҳукуқӣ будани хешро собит намуда, дар гиромӣ доштани ҳокимият ва волоияти қонун, муқаддас ва пуршараф будани риояи он, хусусан нисбати Конститутсияи кишвари узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ фаъолона ҳиссагузорӣ намуда истодаанд. Зеро шаҳрвандони Тоҷикистон Конститутсияро дастури қонунманди хуқуқие медонанд, ки ҷавҳари аслии онро таъмини иҷроиши мақсаду мароми давлатсозии мутамаддин ва дифоъ аз арзишу манфиатҳои бунёдии давлативу миллӣ ташкил медиҳад.
Бо назардошти ҳамаи ин гуфтаҳо мо халқи Тоҷикистонро зарур аст, ки ба қадри тинҷию осоиштагӣ, ваҳдату ягонагӣ ва озодию истиқлоли миллии дар Конститутсия эълонгашта расида, дар фаъолияти ҳаррӯзаамон қоидаҳои муқарраркардаи Конститутсияи кишварро ба роҳбарӣ гирифта, баҳри ободии кишвар ва ҳифзи истиқлолу якпорчагии он ҳаматарафа талош варзем.
​31-умин солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Тоҷикистони маҳбуб муборак ҳамватанони азиз.
Судяи суди шаҳри Ҳисор; Рустамзода Сайлапочо Рустам