БА ИСРОФИ НЕРУИ БАРҚ РОҲ НАДИҲЕМ!
БА ИСРОФИ НЕРУИ БАРҚ РОҲ НАДИҲЕМ!
Таҳти сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар ба эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд оғоз намуданд ва ба муваффақияти зиёд дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла энергетика, ноил гардиданд.
Мақсади асосии давлат дар соҳаи энергетика таъмини сифатноки эҳтиёҷоти аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ фароҳам овардани шароити зарурӣ барои истифодабарандагони энергетика ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Пешвои миллат борҳо таъкид намуданд, ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ғайриимкон аст.
Бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар Тоҷикистон корҳои зиёди назаррас амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, лоиҳаҳои «Кам намудани талафоти неруи барқ» ва «Гузаштан ба низоми ягонаи биллингӣ» бо маром идома доранд, вале новобаста аз корҳои анҷомдода, сатҳи талафоти неруи барқ дар кишварамон нигаронкунанда мебошад.
15-уми апрели соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар қонунҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд.
Мақсади асосии ворид намудани тағйирот ба моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова гардидани моддаи нав моддаи 2531 пешгирии дахолати беасос ба таҷҳизоти ҳисоби неруи барқ ва вайронкуниҳои қоидаву меъёрҳои истифодаи қувваи барқ мебошад.
Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қоидаву меъёрҳои истифодаи қувваи барқ барои ҳифзи манфиатҳои ҷамъиятиву давлатӣ зарур аст.
Барқ яке аз унсурҳои зарурии ҳаёти ҷамъиятӣ, шарти асосии тараққиёти иқтисодӣ мебошад. Фаъолият ва истифодаи аксарияти ашёи ҳозиразамон ба мавҷудияти барқ вобастааст.
Аз таҳлилҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бармеояд, ки ду воситаи асосии аз норасоии неруи барқ раҳоӣ ёфтан пешниҳод мегардад:
1. Афзун кардани иқтидорҳои истеҳсолӣ, яъне сохтмони неругоҳҳои нави барқӣ ва дигар манбаъҳои истеҳсоли энергия;
2. Кам кардани истифода ё худ сарфакорона ва самаранок истифода бурдани неруи барқ ва гармӣ.
Бале, пеш аз ҳама, мо бояд иқтидорҳои истеҳсоли барқро афзун намоем, вале мо хуб медонем, ки иқтидорҳои истеҳсолӣ дар муҳлатҳои кӯтоҳ сохта намешаванд. Барои ҳамин ҳам, он иқтидорҳоеро, ки дар ихтиёр дорем, бояд самаранок истифода барем. Ин аз ҳамаи кормандон ва мутахассисоне, ки дар манбаъҳои истеҳсоли неруи барқ, шабакаҳои интиқол ва тақсимот фаъолият мекунанд, инчунин аз истеъмолкунандагон, вобастагӣ дорад.
Маврид ба зикри хос аст, ки сарфакорона ва самаранок истифода бурдани неруи барқ кори ахшоси алоҳида нест, балки ҳама бояд назди виҷдони худ инсоф кунаду масъулият дошта бошад. Ғайр аз ин, маърифати сарфакориро аз худ намоем ва ба исрофи беҳудаи ҳар як кВт-соати неруи барқи барои ҳама зарур роҳ надиҳем.
Судяи суди шаҳри Ҳисор Рустамзода Сайлапочо Рустам.