Таҳкими заминаи Ҳуқуқӣ ва Сиёсӣ барои муқовимат бо Коррупсия

Коррупсия, ҳамчун як падидаи манфӣ ва хатарнок дар тамоми ҷаҳон маъалаи ҳалталаби давлатҳо ва ҷомеаҳои муосир мебошад. Он метавонад ба иқтисодиёт, сиёсати давлатӣ, ислоҳот ва рушд таъсири манфӣ расонад. Ҷумҳурии Токикистон низ дар пайи нигоҳ доштани устувории ҷомеа ва рушд дар тамоми бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёси бо масъалаҳои коррупсия мубориза мебарад. Коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун давлатҳои дигар, дар бисёр соҳаҳо вомехӯрад. Аз ҷумла, соҳаҳои давлатдорӣ, судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, иқтисод ва савдои хориҷӣ алоҳида таҳти таъсири корруасия қарор доранд. Ин ҳолатҳо ҳамчунин боиси афзоиши камбизоатӣ, нобаробарии иҷтимоӣ ва бӯрҳонӣ равандҳои демократӣ дар ҷомеа гардидаанд. Дар баробари ин як қатор қонунгузориҳо, аз ҷумла «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шахсияти давлатӣ» имзо шудаанд, ки ҷазоҳои сахт барои коррупсия ва амалиётҳои ғайриқонунӣ муайян мекунанд. Дар Тоҷикистон ҳамчунин, барои муқовимат бо коруппсия таъсиси созманҳои мустақил, мониторинг ва назорати шаффофияти кору фаъолияти давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Хулоса, коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як хатар аст, ки бояд бо сиёсати маҳкам ва тадбирҳои умумӣ ҳал карда шавад. Бо ҷорӣ кардани стратегияи дуруст дар соҳаҳои ҳуқуқ, таъсиси созмонҳои мустақил ва барои беҳтар кардани маърифати ҷомеа, Тоҷикистон метавонад ба хатари коррупсия муқобилият кунад ва барои як ҷомеаи солим ва демократӣ ба рушди иқтисодӣ роҳ боз намояд.

Судяи суди шаҳри Ҳисор : Нодирӣ Муҳаммадулло Фозилбек