САРЧАШМАИ ОРОМИЮ ОСУДАГИИ МИЛЛАТ АЗ ВАҲДАТ АСТ!

Ваҳдати миллӣ ё ягонагии миллӣ ин худро ба сифати як ҷузъи миллат амиқан дарк кардан, ҳифзи онро вазифаи шахсии худ ва тамоми ҷомеа донистан, дар роҳи татбиқи марому мақсадҳои миллат саъй кардан аст.
Эмомалӣ Раҳмон

Ваҳдат барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ азизу муқаддас аст. Ҳар нафаре, ки калимаҳои ваҳдат, сулҳ ва ягонагиро дарк намекунаду азизу муқаддаст намедонад, наметавонад, ки худро тоҷик ҳисобад. Миллати сарбаланди тоҷик ҳамеша бо сулҳҷӯиву сулҳпарварӣ дар ақсои олам машҳур аст. Ваҳдат ин тақдири неки миллат ва асоси пешрафти давлату ҳукумат ба сӯйи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷаъмию хушбахтии насли имрӯзаву ояндаи миллати тоҷик мебошад. Маҳз ваҳдати миллӣ буд, ки ҳамчун сароғози тамоми муваффақияту комёбиҳо ба ватани маҳбубамон созандагиву ободкориҳо бахшида ба аҳолӣ зиндагии шоистаро таъмин намуд, ки дар натиҷа кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ миёни кишварҳои амнтарини ҷаҳон шомил гардид. Танҳо Ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардуми Тоҷикистони азизро устувор хоҳад кард.
Ваҳдат-беҳтарин неъмати ҳаёти инсонӣ, орзуву ормон наҷоти миллат, рушди тоҷикон, ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши бисёр кишварҳои олам гардидааст. Миллати тоҷик бори дигар худро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати сулҳҷӯ ва бофарҳанг муаррифӣ кард. Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои ҳар як фард бояд азизу мӯътабар бошад. Зеро ба ҳамагон маълум аст, ки ин созишу сулҳ, ки имрӯз мо бо ифтихор “Ваҳдат” мегӯем, бо чӣ заҳматҳо насибамон гаштааст. Ваҳдати миллӣ баробари истиқлолият неъмати бебаҳо ва муқаддас буда, барои фароҳам овардани муҳити солими маънавии ҷомеа нақши назарраси худро гузоштааст.
Дар ҳақиқат дуруст қайд карданд, ки Ваҳдат омили босуботии миллат ва мамлакат, кафили сулҳу субот ва сарҷамъии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Ваҳдате, ки онро мо ҳамасола ҷашн мегирем, барои миллати сарафрози тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Танҳо ҳамон нафаре ба қадру манзалати Ваҳдат мерасад, ки ӯ ифтихору ғурури миллӣ дорад. Зеро маҳз ваҳдати миллӣ буд, ки миллати моро аз парокандагӣ наҷот дода, ба сӯи рӯшаноӣ бурд.
Метавон ёдовар шуд, ки барои ба имзо расонидани созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзандае гузоштаанд. Бо пешниҳод ва ҷонфидоиҳои Пешвои миллат аз санаи 5-уми апрели соли 1994 миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мухолифини тоҷик гуфтушунидҳо шурӯъ гардида, баъди чандин вохӯриву музокиротҳо санаи 27-уми июни соли 1997 бо ба имзо расидани созишномаи сулҳ ваҳдати миллӣ барқарор гардид. Созишномаи сулҳи тоҷикон дар пойдории Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи кишвар, пойдории амнияти миллӣ ва аз ҳама асос ба нестӣ расидани гурӯҳҳои ҷинояткор заминаи мустаҳкам гузошт.
Ҳамагон шоҳид ҳастем аз рӯзе, ки дар сарзамини аҷдодии мо Ваҳдати миллӣ пойдор гардид, рӯз то рӯз ватани маҳбубамон гул-гул шукуфта истодааст, дӯстиву бародарӣ ҳукмфармост, иқтисодиёти кишвар тадриҷан афзоиш ёфта, аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ тараққӣ карда истодааст. Маҳз заҳмату ҷонфидоӣ ва кӯшишу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар кӯтоҳтарин муддат миллати парешонгаштаи моро сарҷамъ намуда, кишвари ба хок яксонгаштаро дубора ободу зебо гардонид.
Набояд фаромуш сохт , ки аз рӯзи аввали ба сари қудрат омадан,Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст овардани сулҳу субот ва оромиву осоиштагӣ ба халқу миллат заҳматҳои зиёде кашидаанд,ки фаромуш ношуданист.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати сулҳу суботи кишвар ва якпорчагии мамлакат хело бамаврид андешаи худро баён карда буданд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад.
Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».
Дар гуфтаҳои боло метавон гуфт, ки дар ҳамаи самтҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии кишвар арзишҳои ваҳдати миллӣ ҳамчун меъёр ва раҳнамои ҳаракат қарор гирифтаанд. Тараққиёти соҳаҳои муҳими иқтисодӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, рушди инфрасохтор ва сиёсати хориҷии мутавозин маҳз бо шарофати ваҳдати миллӣ ба даст омада истодааст. Ҳама гуна дастовардҳои назаррасе, ки Тоҷикистон дар ин се даҳсолаи охир ба он ноил гардид, маҳз дар фазои ваҳдат ва суботи сиёсӣ амалӣ шудааст.
Дар охир метавонем чунин хулоса кунем, ки Ваҳдати миллӣ боиси он гардид, ки миллати тоҷик ба фатҳи қуллаҳои нав ба нав расида, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба беҳтарин дастоварду натиҷаҳо ноил гардад.

Муовини якуми раиси суди шаҳри Ҳисор Шоҳиён Файзидин Боймаҳмад