Дар ҷодаи давлатдорӣ нақш ва мавқеи Конститутсия хеле муҳим аст, зеро он муайянкунандаи салоҳиятҳои мақомоти давлатӣ, иқтидори сиёсӣ ва кафолатдиҳандаи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад.
Бинобар ин, баъд аз мустақил гардидан барои муайян намудани шаклу низоми идоракунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур буд, ки Конститутсияи нав қабул намояд. Новобаста аз вазъияти бисёр ҳассосу душвори солҳои аввали навадуми асри гузашта, бо азму иродаву заҳматҳои беандозаи президенти мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ лоиҳаи Қонуни асосиро омода ва пешниҳод намуд. 6 ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдорӣ аввалин маротиба бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи кишвар қабул гардид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ онро дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини дунё эътироф намуд.
Ба ғайр аз ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои хусусияти хоси ҳуқуқӣ буда, санади меъёрии ҳуқуқии устуворест, ки ҳеҷ як шахси мансабдор, ҳокимияти давлатӣ ва ё мақомоте, ки дар доираи меъёру муқаррароти он таъин, интихоб ё таъсис ёфтааст, наметавонад мазмуну муҳтавои онро тағйир диҳад. Ворид намудани тағйиру иловаҳо бо тартибе, ки он муқаррар намудааст, сурат мегирад. Тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ карда мешаванд. Риояву ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун, мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ, худидоракунии маҳаллиро Конститутсия муайян карда, ба воситаи ҳокимияти судӣ ва аз ҷониби судҳо амалӣ гардидани онҳоро кафолат додааст.
Қобили тазаккур аст, ки дар таърихи ҷумҳурӣ ин аввалин санаде буд, ки ҳокимияти судиро ҳамчун рукни мустақили ҳокимияти давлатии танҳо ба Конститутсия ва қонун итоаткунанда эътироф кард. Инчунин, масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар он мавқеи хосаро ишғол намуд.
Бо дарназардошти нақшу мавқеи ҳокимияти судӣ моддаи 84 Конститутсия чунин меъёрро пешбинӣ мекунад: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд».
Инчунин, меъёри мазкур низоми судиро муқаррар намудааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.
Ҳамзамон Конститутсия доираи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муқаррар намуда, ҳангоми зарурати қонунӣ маҳдуд кардани онҳоро низ пешбинӣ мекунад. «Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад». Ин меъёри конститутсионӣ татбиқи амалии худро дар фаъолияти ҳаррӯзаи мақомоти судӣ пайдо мекунад, ки тибқи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар маҳз мақомоти судӣ дорои ин ваколат аст.
Бо назардошти ин нақшу мавқеъи ҳокимияти судӣ ва тамоили умумии рушди ҷомеаи демократии ҷаҳонӣ тибқи тағйиру иловаҳои ба Конститутсия ворид гардида, муқаррар карда шуд, ки судяҳои судҳои ҷумҳурӣ ба муҳлати 10 сол интихоб ё таъин карда шаванд. Конститутсия моҳияти ҳокимияти судӣ ва мақсаду вазифаҳои онро муқаррар намуда, чунин меъёрро пешбинӣ кардааст: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд». Яъне судяҳо ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ мустақил буда, фаъолияти худро аз номи давлат амалӣ менамояд ва танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд.
Бо ҳамин тартиб, Конститутсияи Тоҷикистон дар радифи дигар рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, мавқеъ ва салоҳияту ваколатҳои ҳокимияти судиро муқаррар намуда, самтҳои рушду такомули онро муайян кардааст.
Дар ин роҳ Конститутсияи давлати озоду соҳибистиқлоламон роҳбаладу роҳнамои мост. Зеро Конститутсияи мо санади ифодакунанда ва ҷавобгӯи ормону орзӯи халқи Тоҷикистон аст. Муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият дод, то ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем ва ҳамчун субъекти комил ҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардем.
Маҷидзода А.Қ. Раиси суди шаҳри Ҳисор.